Тоҷикистон-боми ҷаҳон: дар Париж намоишгоҳи Ниссор Абдуразоқов баргузор мешавад

© Из личного архива Ниссора АбдоуразаковаФотограф Ниссор Абдоуразаков, архивное фото
Фотограф Ниссор Абдоуразаков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ филми мустанади нодири "Чарх" низ нишон дода мешавад. Ин филми коргардон Мақсудшо Иматшоев аз сокинони деҳоти Бадахшон нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik, Фатима Ёҳёев. Дар пойтахти Фаронса-Париж, дар маркази фарҳангии ACTISCE 21-уми сентябр намоишгоҳи аккоси машҳури тоҷик Ниссор Абдуразоқов баргузор мешавад.

Ин маросим бо дастгириии Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва ҷамъияти тоҷикони маҳалии  "Равзана" баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз филми мустанади нодири "Чарх" нишон дода мешавад, ки аз сокинони маҳаллии Бадахшон нақл мекунад.

Публикация от Nissor Abdourazakov (@nissorphotography) Сен 7 2017 в 9:56 PDT

Худи Ниссор Абдуразоқов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст,  вай дар намоишгоҳ ширкат намекунад.

"Мутаассифона, бо далели он, ки ҳоло машғули корҳои дигаре дар Шветсия ҳастам,  ба Париж рафта наметавонам",- қайд кардааст вай.

Ба гуфтаи Абдуразоқов, аксҳоро ҳини сафарҳояш ба Тоҷикистон аккосӣ кардааст. Вай афзуд,  тавассути ҳар як акс мехост хусусиятҳои фарқкунандаи  минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони кӯчакро  намоиш диҳад.

Намоишгоҳи аккос дар Париж ягона дастоварди ин марди ҳунар нест. Вай дар Шветсия низ ҳунари худро ба намоиш гузошта, тавассути он ба сокинони Гетерборг дар бораи мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон маълумот дода буд.

Лентаи хабарҳо
0