ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тоҷикистон ба Узбакистон муроҷиат кардааст, ки нахустин намоишгоҳи колоҳои кишвар дар Тошканд аз 11-ум то 14-уми октябр баргузор карда шавад.
"Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи расмие аз Ҳукумати Узбакистон хоҳиш кардааст, ки намоишгоҳи колоҳои санъатии Тоҷикистон дар ҳамсоякишвар аз 11-ум то 14-уми октябр баргузор шавад. Эҳтимол меравад, ки намоишгоҳ дар маркази намоишии "Узэкспосентр" баргузор мешавад", — хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ.
Дар намоишгоҳи колоҳои Тоҷикистон дар Узбакистон 64 ширкат сохтовардаҳояшонро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти бахши мошинсозӣ, маъдан, алюмин, саноеъи сабук ва хӯрок намоиш дода хоҳанд шуд.
Ин намоишгоҳ дар посух ба намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор мешавад, ки моҳи апред дар Душанбе барпо шуда буд. Дар он намоишгоҳ 160 ширкати узбакӣ колову фаровардаҳояшонро ба наоишу фурӯш гузошта буданд.
Ёдовар мешавем, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар куллан 78 корхона бунёд шуда ва 175 корхонаи санъатӣ аз кор боз мондааст.
Бино бар гузориши вазири саноеъву фанновариҳо, ҳамакнун дар саросари кишвар 1957 корхонаи санъатӣ фаъол аст, ки аз он шумор 494 корхонаи саноеъи хӯрокворӣ, 35 корхонаи коркарди маъданҳо, 488 ширкати созандаи маҳсулоти сохтмон, 19 корхонаи ангишт, 415 корхонаи саноеъи сабук, 298 корхонаи мошинсозӣ, 150 ширкати табъу нашр, 33 ширкати нафту газ ва 25 корхонаи вобаста ба Вазорати обу энержӣ аст.