ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии Палатаи савдои Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби Ҷумҳурии Гана ва сеюм аз Украина шуд.
Ғурaҳои кишварҳои гуногун бо назардошти ду нишондод — дизайн, тарзи ороиш, дастовардҳо ва алоқамандӣ бо мавзӯъ, дуюм — намоиш дар доираи мавзӯъ ва навовариҳо дар соҳаи энержии оянда, баҳогузорӣ шуданд.
Дар ин бахш 115 ғурфаи миллӣ ва 22 ғурфаи созмонҳои байнулмилалӣ дастовардҳои худро дар соҳаи энержӣ ба намоиш гузошта буданд.
Намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" аз 10 июн то 10 сентябр боз буд.
Дар ин намоишгоҳ 100 кишвар ва беш аз даҳ созмони байналмилалӣ фанновариҳои пешрафтаи энержии "сабз" ё баргаштпазирро ба намоиш гузоштанд.