Дуздии сокинони Кӯлоб дар бозори "Саховат"-и Душанбе

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сокини шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар ин бораи ғоратгарӣ зани 46 сола ба мақомоти қудратии кишвар хабар додааст.

Мувофиқи нақли ин зан, рӯзи 16-уми июли соли равон, тахминан соати 16:00 ҳангоми дар назди бозори "Саховат"-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо зӯроварӣ аз гарданаш гарданбанди тиллоиро канда аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, ки гарданбанд 15 ҳазорсомонӣ арзиш дорад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия ду нафар сокинони 20 ва 25-солаи шаҳри Кӯлобро ба гумони ғоратгарӣ дастгир карданд.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0