Душанбеи салқин: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikОбзор на город Душанбе. Здание на фоне гор
Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, ёздаҳуми сентябр. Боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба гузориши созмони ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 11 сентябр дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 2-3 дараҷа паст мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 23 то 28 дараҷа ва дар шарқи он аз 10 то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи панҷшанбе ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ду дараҷа паст мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 31 то 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 25 то 30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 10-15 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 31-33 дараҷаро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0