Эмомалӣ Раҳмон: ман бо чунин халқи заҳматкашу сарбаланд ифтихор мекунам

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи истиқлол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе суханронӣ карда, ба мардуми тоҷик изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангӣ ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи истиқлол баргузор шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ истиқлолият ва озодиро марҳалаи сифатан нави таърихӣ номид.

"Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мактуби Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Дар зарфи бисту шаш сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем, гуфт ӯ.

Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои ҳифзу нигоҳдории давлати навини тоҷикон, пешрафту ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ саҳми бесобиқа гузоштанд.

"Ман ҳамчун Роҳбари давлат ҳамеша бо чунин халқи заҳматкашу сарбаланд ифтихор мекунам ва дар ин лаҳзаҳои пурҷалоли ҷашнӣ ба халқи азизам сипоси самимии хешро изҳор менамоям", — гуфт раисҷумҳур.

Бо дарназардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани дастовардҳои истиқлолият аз наврасону ҷавонони имрӯза вобаста мебошад, мо таълиму тарбияи шоистаи насли наврасро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат эълон кардаем.

Чунки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст.

Маҳз бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо соли 2017-ро дар мамлакат "Соли ҷавонон" эълон кардем.

"Ман ҳамеша ба ақлу заковат, нерӯи созанда ва ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд", — гуфт раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0