Шоми эҷодии Абдумамад Бекмамадов дар Маскав ба таъхир афтод

© Фото : Фестиваль "Артдокфест"Абдумамад Бекмамадов, архивное фото
Абдумамад Бекмамадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми эҷодии ҳунарманди тоҷик - Абдумамад Бекмамадов дар Маскав ба таъхир афтод

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Қарор буд, ки шоми эҷодии ин марди ҳунар дар Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябр ва рӯзи зодрӯзаш  баргузор шавад.

Вале бо далели дар ин рӯз таҷлил шудани Рӯзи Маскав, шоми эҷодии Абдумамад Бекмамадов ба таъхир афтод.

Дар ин бора Бекмамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки рӯзи 9 сентябр дар толори муқарраршуда чорабиние ба муноибати 870-солагии пойтахти Русия баргузор шуд ва аз ин рӯ рӯзи баргузории шоми эҷодии ҳунарманди тоҷик ба таъхир афтод.

"Дар як рӯз баргузории ду чорабинӣ дар як толор номумкин аст. Аз ин рӯ шоми эҷодии ман ба таъхир афтод", — гуфт Абдумамад Бекмамадов.

Акунун шоми эҷодии ҳунарманди тоҷик рӯзи 16 сентябр соати 19:00 дар толори "Хонаи кино"-и Маскав воқеъ дар кӯчаи Василевская хонаи 13 баргузор мешавад.

Ба гуфти Бекмамадов барномаи шоми эҷодӣ аз ду қисм иборат аст: "қисми аввал аз намоише иборат аст, ки "Ман 25 сол дорам"  унвон гирифтааст. Ин намоиш зиндагии кӯдакиамро то замони муҳоҷират ба Русия дар бар мегирад. Қисми дуюми барнома ҳунарнамоии овозхонони машҳур аз қабили Манучеҳри Хайрулло, Расули Давлатбек, Орзу Аловат ва дигаронро дар бар хоҳад гирифт".

Ҳамчунин дар барнома ҳунарнамоии ҳаҷвнигорон — Абдумамад Бекмамадов ва Суруши Бунёд, ки худро "Абдуш ва Суруш" унвон кардаанд     

Интизор меравад, ки дар баробари овозхонони тоҷик дар ин барномаи фарҳангӣ  гурӯҳи  русии "Аркадий Котс" ҳунарнамоӣ кунад.

Пештар хабар дода будем, ки ҳунарманди тоҷик Абдумамад Бекмамадов барои офаридани нақши худ дар филми мустанади "Суруди Абдул" барандаи ҷоизаи ҷашнвораи "Равзана ба Урупо" шуд.

Лентаи хабарҳо
0