Нигаронии Назарбоев аз вазъи Миёнмор ва даъват ба муколама

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Нурсултан Назарбаев, архивное фото
Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз қазияи Миёнмор изҳори нигаронӣ карда,тарафҳои мухолифро дар чорчӯби СММ ба муколама даъват кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Нурсултон Назарбоев аз қазияи Миёнмор изҳори ниграонӣ карда тарафҳоро ба муколама даъват кард.

"Мо нигаронии худро оид ба вазъи Миёнмор иброз менамоем. Мо аз ҳамаи тарафҳои ба ин қазия дастдошта талаби қатъи зуровариро дорем ва тарафҳоро ба муколама дар чорчӯби СММ даъват мекунем",- гуфт Назарбоев дар рафти нишасти ҳамкориҳои исломӣ оид ба илм ва техника, ки имрӯз дар Қазоқистон оғоз шудаву то пагоҳ идома хоҳад кард.

Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти 60 мусулмони Петербург барои эътироз ба хотири Миёнмор

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар ин росто аз вазъи мардуми мусулмони Миёнмор изҳори нигаронӣ карда, онро қотеъона маҳкум кард.

Роҳинҷо мардуми мусулмон ҳастанд, ки дар иёлати Рохин дар Миёнмор зиндагӣ мекунад. Руҳинҷо худро мардуми бумии иёлати Рохин мешуморанд, вале гурӯҳҳое аз миёнмориён онҳоро мардуме омада аз Банглодеш медонанд ва аз кишварашон меронанд.  

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Миёнмор дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.

Дар изҳороти артиши Миёнмор гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд. Ҳукумати Миёнмор мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.

Лентаи хабарҳо
0