ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Шаҳрдор пешниҳод кардааст, ки дарсҳо аз соати 09:00 оғоз ёбанд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар ин бора ба Вазорати маориф ва илми ҶТ мактуб ирсол хоҳад кард.
Охирҳои моҳи августи соли равон Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро аз соати 7:30-и субҳ ба соати 8:00 тағйир дод.
Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози дарсҳоро аз соати 8:00 ба 7:30 тағйир дода буд
Далели пешниҳоди тағйири озози дарс мушкилии нақлиётӣ дар дохили пойтахт гаштааст.