ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Доналд Трамп тариқи номае Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард.
Ба гузориши равобити умумии сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар номаи табрикотии Трамп аз ҷумла омадааст:
"Муҳтарам ҷаноби Президент! Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.
Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.
"Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст. Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоя", — омадааст дар нома.