ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар тайи ҳафтаҳои ахир дар иёлати Миёнмор байни нерӯҳои давлатии амниятӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи мардуми мусалмони рӯҳинҷа задухурдҳо идома доранд.
Бино бар иттилои СММ, маблағе, ки ҷудо шудааст, барои беҳдошти даҳҳо ҳазор фирориёни Миёнмор, ки дар қаламрави Бангладеш паноҳ ёфтаанд, равона мешавад.
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо раиси ҷумҳури Туркия афзоиши исломбадбиниро дар Миёнмор шадидан маҳкум кард.Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.
Индонезия гуфтааст, омодааст дар ин қазия ба Банглодеш, ки бештарин паноҳҷӯёнро пазируфтааст, кумак расонад.
Руҳинҷо мардуме мусулмон ҳастанд, ки дар иёлати Рохин дар Миёнмор зиндагӣ мекунад. Руҳинҷо худро мардуми бумии иёлати Рохин мешуморанд, вале гурӯҳҳое аз миёнмориён онҳоро мардуме омада аз Банглодеш медонанд ва аз кишварашон меронанд.