Нерӯи Русия Гулмурод Ҳалимовро нобуд кард

© Кадр из YouTubeГулмурод Халимов, архивное фото
Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қумандони собиқи ОМОН-и ВУД ҶТ Гулмурод Ҳалимов кушта шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тавре  хабаргузории РИА Новости итилоъ медиҳад, дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ қумандоно ОМОН-и ВУД ҶТ Гулмурод Ҳалимов   кушта шуд.

Мувофиқи иттилои Вазорати мудофиаи Русия, Гулмурод Ҳалимов дар натиҷаи ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии Русия кушта шуд. Гуфта мешавад, нерӯҳои Русия ба нуқтаи қумандони теруристон ҳамла оварданд.

"Дар натиҷа "вазири ҷанг"-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов дар пайи ҷароҳати ҷонкӯб нобуд карда шуд",- гуфта мешавад дар хабар.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.
Пештар ҳам бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0