ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросимҳои идонаро бахшида ба ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон эълон кард. Бино бар иттилои манбаъ, дар пойтахт барномаи асосӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ, шоми 9-уми сентябр, соати 19:00 оғоз мешавад.
"Соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи ҷолиби театришуда бахшида ба 26-солагии Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Дар шоҳроҳи истиқлолият" баргузор мегардад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар барнома намоиши бозёфтҳои эҷодии гурӯҳҳои ҳунарии кишвар ва истеъдодҳои ҷавон бо истифодаи техникаи муосири саҳнавӣ дар назар аст.
Баргузории барномаҳои консертӣ инчунин дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, аз ҷумла, боғи "Парчами давлатӣ", боғи "Устод Рӯдакӣ", боғи "Ирам", майдони 800-солагии Москва ва боғи "Дӯстии халқҳо" низ ба нақша гирифта шудааст.