ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Хадамоти обуҳавошиносии кишвар, ҳавои имрӯзи Тоҷикистон камабру бебориш аст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳарорати ҳавои рӯз дар вилояти Суғд то 37 дараҷа, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то 38 дараҷа, дар вилояти Хатлон то 37 дарава ва дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.Ҳавои Душанбекамабру бебориш аст ва то 38 дараҷа гарм мешавад.