ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Андӣ муҳаббат ва эҳтироми худро нисбати мардуми фарҳангдӯсти тоҷик изҳор дошт ва гуфт кишвареро мисли Тоҷикистон надидааст, ки ин қадар ошиқи мусиқӣ ва фарҳанг бошад. Ҳунарпешаи маъруф қайд кард, дар Амрико хушбахтона ба сар мебарад, аммо то ҳол умедвор мемонад, ки рӯзе фаро мерасаду аз ватананш дидан мекунад. Вай афзуд, "шумо мардуми аҷаб хушбахтед, ки истиқлол доред ва мусиқӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз аст".
— Ассалому алайкум, хуш омадед ба Маскав, хуб ҳастед?
— Бале, мамнун, мерсӣ.
— Мехостам саломи мардуми тоҷикро пеш аз ҳама ба Шумо расонам
— Чашм, хушҳолам
— Аҳволи Андӣ дар он тарафи уқёнус чӣ гуна бошад?
— Хуб, аммо ман 37 сол аст, ки Эрон нарафтаам. Ва дилам танг шудааст барои Эрон. Зиндагии мо дар Лос-Анҷелос хуб аст ва Амрико ба мо ин озодиро додааст, ки мусиқии форсӣ ва Эронро зинда нигаҳ дорем. Ва фарҳангамонро зинда нигаҳ дорем. Яъне ман ҳеҷ шикояте аз Амрико надорам.
— Қисме аз мухлисонантон ба мактуб навишта хоҳиш карданд, ки аз зиндагии хонаводагии худ каме нақл кунед
— Ман як зан ва 4 саг дорам (механдад).
— Мухлисонатон аз Sputnik Арманистон пурсиданд, ки сурудҳои армании шуморо мухлисони форсизабонатон чӣ гуна мепазиранд?
— Ба назари ман мусиқӣ ҳадду марз надорад. Ва муҳим нест, ки ба кадом забон- тоҷикӣ, форсӣ, арманӣ, англисӣ ва русӣ суруда мешавад. Ман хушҳолам, ки мусиқии маро чанде миллатҳо пазируфтаанд.
— Андӣ сирри маваффақияти худро мегуфта бошад?
— Ишқ ба мусиқӣ. Ман аз баччагӣ ошиқи мусиқӣ будам ва ҳамин ишқ боис мешавад, ки мардум садои маро эҳсос кунанд.
— Аз ҳама суруди дӯстдоштаи Шумо кадом бошад?
— Ҳаммаашро дӯст дорам. Вақте ки аз модарам мепурсидем, бачаҳоро кадомашро дӯст медоред, мегуфт бачаҳо мисли ангуштҳои дастанд, агар ҳар кадомашро бибуред, ба як андоза дард мекунад. Оҳангҳои ман ҳама ҳама фарзодони мананд.
— Чӣ хотираҳо доред аз Тоҷикистон?
— Хотираҳои хуб, хотираҳои мардум, Тоҷикистон, оҳанг мусиқӣӣ ва ман фикр мекунам, ки мусиқии мо — форсӣ пайғоми сулҳ меорад.
— Шумо ният доред, ки ба ватани мо ҳам ташриф оред?
— Ман хело хушҳол мешавам, мунтазир мешавам он рӯзҳоро. Чанд бор ба Тоҷикистон омадам ва воқеан ошиқи Тоҷикистон ҳастам ва хушҳолам, ки Тоҷикистон истиқлол дорад ва мардумаш озодӣ доранд ва хушҳоланд, ки мусиқӣ гӯш мекунанд, иншоллоҳ ки ҳамеша дар кишвари Шумо сулҳу сафо бошад. Умедворам, ки ба зуддӣ ба Тоҷикистон бар мегардам ва дубора меравам ба Душанбе ва Хуҷанд. Дилам мехоҳад дубора ин хотираҳоро зинда кунам.
— Тоҷикистон ҷашни истиқлол дорад, таманниёти Шумо дар ин рӯзи муқаддас ба мардуми тоҷик
— Муҳимтарин чизе, ки метавонам бигӯям, байни тамоми кишварҳое, ки ман мусофират меравам, дар Тоҷикистон мардум ошиқи мусиқӣ ҳастанд, ҳатто президент ташвиқ мекунад, ки мардум рӯзи мусиқӣ дошта бошанд ва ман ҳамеша дар мусоҳибаҳоям дар дар Лос-Аҷелос аз мардуми Тоҷикистон ва ишқи эшон ба мусиқӣ сӯҳбат мекунам. Муҳимтарин чиз дар дунё ишқ ва истиқлол аст. Агар кишваре, ки озод бошад ва мардумаш озодона мусиқӣ гӯш кунанд, ин бузургтарин истиқлол аст.
— Чӣ нақшаҳо доред?
— Консерт, консерт ва боз ҳам консерт
— Хуш омадед ба Маскав
— Мамнунам!