ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, далели сар задани сӯхтор риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ будааст.
Манбаъ меазояд, мувофиқи иттилои коршиносони соҳа далели сӯхтор риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз автомашинаи тамғаи "Дулан", ба зарфҳои нигоҳдории газӣ будааст. Дар натиҷа гази моеъ аз зарфи автомашинаи тамғаи "Дулан" хориҷ шуда, сӯхтор ба амал омадааст.
Дар натиҷаи сӯхтор фавти одамон ва ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои сӯзиши бадан ба қайд гирифта нашудааст.
Зарар аз сӯхтор аз тарафи мутахассисон муайян карда мешавад.
Тафтиши ҳодисаи мазкур аз тарафи хадамоту мақомотҳои дахлдор идома дорад.