ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тоҷикистониён дар остонаи Рӯзи истиқлол се рӯз истироҳат мекунанд.
Расонаҳои расмии Тоҷикистон аз қавли раиси Федеросюни Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода хабар медиҳанд ки тибқи моддаи 89-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Имсол рӯзи таҷлили Истиқлол— 9 сентябр ба рӯзи шанбе, ки рӯзи истироҳат аст, рост омад. Аз ин рӯ, рӯзи душанбе, 11 сентябр барои сокинони кишварамон рӯзи истироҳат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пеш — 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард.