ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати Суғд, кӯдакистон барои 150 нафар пешбинӣ гардида, тамоми шароити муосирро дорад.
Кӯдакистони "Парвози орзу"-ро раиси видояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ кард.
Абдураҳмон Қодирӣ гуфт, ки ҳукумати вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят барои соҳибкороне, ки хоҳиши бунёди мактаб ва ё кӯдакистонро доранд, тамоми имконият фароҳам кардааст.
Пештар соҳибкори дигаре Олимҷон Юлдошев дар ноҳияи Спитамен мактаби хусуӣ бунёд карда буд.