ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷоизаҳои ин озмун дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои ғолибони он дар Маркази аккосии "Бародарон Лумиер" дар Маскав ба барандагон тақдим шуданд.
Ин озмунро хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" бо ҳамкорӣ ва сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО баргузор мекунад.
"Ҳар сол дар оғози тирамоҳ мо аз дӯстамон Андрей Стенин, хабарнигори аксии "Россия сегодня", ёд мекунем, ки ҳангоми иҷрои супориши хабаргузорӣ дар Укроин кушта шуда буд. Имрӯз хабарнигорони ҷавон аз саросари ҷаҳон, ки номи Андрей Стенин муттаҳидашон кардааст, аз падидаҳое мегӯянд, ки таваҷҷуҳашонро ҷалб мекунанд, — гуфт дар ин маросим мудири кулли хабаргузории "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв.
Велес Ҷоизаи бузургро барои силсилаи аксҳои "Паноҳҷӯён дар Белград" ба даст овард, ки саргузашти мардумеро бозгӯ мекунад, ки ояндаашонро аз даст додаанд. Аксҳои суратгири ҷавони испониёиро Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх низ бо ҷоизаи вижаи "Барои акси башардӯстона" тақдир кардааст.
Ҷоизаҳои ин озмунро ҳамчунин рӯзноманигор аз Африқои Ҷанубӣ Фандулвазӣ Ҷайкло барои гузориши аксии "Тазоҳурот дар шаҳри Грабу", суратгири сербӣ Еоена Янкович барои акси "Фарҳанги selfie", суратгири итолиёӣ Данило Гарсиа Ди Мео барои силсилаакси "Чӣ?", ҳамкори русамон Валентин Егоршин барои аксҳои портретии "Чеҳраҳое аз гузашта" ва бисёре дигар дарёфт карданд.
Дар Маркази аккосии "Бародарон Лумиер" беш аз 200 акси аксбардорони ҷавон ба намоиш гузошта шудаанд.
Варзиш яке аз мавзуъҳои калидии намоишгоҳи имсола буда, ки барои фотожурналистҳои Русия пирӯзиовар шуд — ҳама ҷоизаҳо дар бахши "Варзиш" аз они аксбардорони русӣ шуданд.
Ин намоишгоҳ то 17-уми сентябр идома хоҳад ёфт.