Ҷасади кӯдаки тоҷикеро пулис аз манзиле дар Маскав пайдо кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкПолиция в квартире
Полиция в квартире - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси Маскав дар ноҳияи Кузминкии пойтахт ҷасади писарбачаи 8-солаеро пайдо кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар яке аз манзилҳо ҷасади писарбачаи 8-солаи тоҷик ёфт шудааст.  Дар ин бора  торномаи телевизюни "360" иттилоъ медиҳад.

Полис аз кормандони ёрии таъҷилӣ иттилоъ гирифтанд, ки дар яке аз манзилҳои Маскав ҷасади писарбачаеро ёфтаанд.

Пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад ва муайян мекунад, ки кӯдак- писарбачаи тақрибан 8-солае будааст.

Гуфта мешавад, марҳум бо модараш аз Тоҷикистон омада будааст ва дар яке аз мактабҳои Маскав таҳсил мекардааст. Тибқи иттилои манбаъ, модари писарбача дар ҷойе кор намекунад.

Бино бар маълумотҳои пешакӣ, кӯдак дар пайи бемории сироятӣ фавтидааст.

Пулис тафтишотро идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0