Дар Тоҷикистон волидонро маҷбур карданд, ки аз мактаб рӯзнома харанд

© Фатима ЯхяеваВ таджикских школах заставляют покупать "местные" дневники
В таджикских школах заставляют покупать местные дневники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзномаҳое, ки маҷбурӣ ба волидон тақсим кардаанд, на он қадар нархи гарон доранд, аммо подару модарон шигифтзадаанд, барои чӣ бояд ба фарзандонашон бори дуввум рӯзнома харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik, Фатима Яҳёева.Як қатор мактабҳои пойтахт, ки пештар волидонро маҷбур карда буданд, танҳо аз "Тоҷиктекстил" либоси мактабӣ харидорӣ кунанд, имрӯзҳо харидани рӯзнамаи мактабро, ки аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқ шудааст, маҷбур мекунанд.

Ин рӯзномаҳоро дар мактаб ба ҳама донишомӯзон, ҳатто ба онҳое, ки аллакай рӯзнома хиридаанд, тақсим кардаанд.

"Ман ба духтарчаам пеш аз оғози таҳсил лавозимоти мактабиро харида будам. Рӯзномаи оддӣ харидаем, ки дар муқовааш на расми Дисней ва на қаҳрамонҳои филмҳои тасфироро надорад- мо  медонистем, ки истифода аз ин гуна рӯзнома дар мактабҳо мамнуъ аст. Аммо имрӯз роҳбари синфии фарзандам ҳама волидонро ба мактаб даъват кард ва рӯзномаҳои 6-сомонаро тақсим карда гуфт,  ин "маҷбурӣ" аст",- нақл намуд яке аз волидони донишомӯзи мактабҳои Душанбе.

Школьники в классе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкоре дар Суғд мактаби хусусӣ бунёд кард

Ба гуфтаи вай, рӯзномаҳои маҷбуран тақсимшуда, он қадар нархи гарон надоранд. Аммо зан мегӯяд, мақсад аз дубора хиридорӣ намудани рӯзнома барои як донишомӯз дар чӣ бошад?

"Дар рӯзномаҳои тақсимшуда маълумотҳо бо забони тоҷикӣ дарҷ ёфтаанд. Рӯзҳои ҳафта, саҳифаҳо, 12 банди ӯҳдадориҳои донишомӯз бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд, ки он тамоман ба донишомӯзони маткбаҳои русӣ нофаҳмост. Агар рӯзномафурӯшӣ дар мактабҳо тиҷорат шудааст, марҳамат, лекин рӯзномаҳо бояд ба ду забон мунташир шаванд. 40 донишомӯзи синфи ман ҳама рӯзнома доштанд, аммо ман маҷбуран рӯзномаҳои маткабро тақсим кардам. Зеро, об аз боло лой аст",- шикоят мекунад яке аз муаллимони собиқадор.

Рӯзномаҳои аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқшударо нашрияи "Ганҷ нашриёт" бо адади 1 милюн мунташир кардааст. Ин гуна рӯзномаҳо соли гузашта низ ба фурӯш бароварда мешуданд. Аммо имсол харидорӣ кардани он маҷбурӣ шудааст.

Дар 12 банди "Ӯҳдадориҳои мактабхон", қайд карда мешавад, ки хониши аъло, одоби намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ҳатмист. Як банди дигар ба раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он гуфта мешавад,  эҳтироми шахсияти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҳар як мактабхон аст.

Якуми сентябр ба мактабҳои Тоҷикистон 225 ҳазор талаба ба синфи якум рафтанд. Ҳамасола ин шумора 10 ҳазор зиёдтар мешавад.

Лентаи хабарҳо
0