ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба гузориши ВКД ҶТ, дар остонаи Рӯзи истиқлол имрӯз, 6 сентябр бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Деҳқонони ноҳияҳои Панҷиканд, Ҷайҳун, Шаҳринав, Хуросон, Турсунзода, Вахш, Бохтар, Варзоб, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар корхонаву ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи арзон ба милисаҳо пешкаш карданд.
Тибқи маълумоти манбаъ нахрҳои ин ярмарка аз баҳои маҳсулоти бозорӣ аз 30 то 40 фоиз арзонтар будааст.
Чунончи як килу гушт 20 сомонӣ, як килу биринҷ 5 сомонӣ, як килу себзаминӣ 1 сомону 50 дирам, пиёз ва помидор 1 сомонӣ, як дона тарбуз ва ё харбуза 5 сомонӣ, як дона тухм 50 дирам нарх доштааст.
Ин нахустин намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои милисаҳо набуда, дар остонаи иди Рамазон ҳам барояшон маҳсулоти нисбатан арзон пешкаш шуда буд.