ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, сабаби муноқиша гуфта нашудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки қазия рӯзи 2 сентябр дар кӯчаи Деҳқони ҳамин шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯии милитсия, донишҷӯи соли 1-уми "Коллеҷи Техники"-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
"Ӯ рӯзи 5 сентябр тахминан соати 08:40 дар кӯчаи Деҳқони шаҳри Хуҷанд аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо донишҷӯи соли 3-юми шуъбаи рассомии Коллеҷи санъат, ҷанҷол карда бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба шикамаш задааст", — омадааст дар хабарнома.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.