ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Шаби рӯзи чаҳоршанбе вазири пешини тандурустии Тоҷикистони Советӣ-Гулнора Комиловна аз олам чашм пӯшид.
Корманди хизматнишондода, Аълочии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Гулнора Пулотова дар синни 82-солагӣ даргузашт.
Гулнора Пулотова 8 марти 1936 дар шаҳри Душанбе (Сталинобод) ба дунё омадааст.
Падари ӯ — Комил Ёрматов, ҳунарманди халқии ИҶШС, коргардон, модараш — София Туйбоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳунарпешаи театр ва кино.
Соли 1960 Гулнора Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, пас аз ду сол ба бахши аспирантураи Донишкадаи ба номи Бурденко дохил мешавад.
Моҳи феврали соли 1985 Пулотова вазири Вазорати тандурустии Тоҷикистони Советӣ таъин мешавад.Таъини ӯ ба ин симат дар Вазорати тандурустии ИҶШС каме ногаҳонӣ ва аҷиб буд, чун пештар ин вазифаро фақат мардон бар дӯш доштанд.
Ҳамин тавр Пулотова дар он солҳо дар ҳудуди ИҶШС ягона зани вазир буд.
Шавҳари Пулотова — Ғоибов Абдулло Ғоибович — доктори илмҳои тандурустӣ, профессор. Гулнора Комиловна соҳиби як духтар ва панҷ наберааст.