Мирзиёев: рӯзгор мардумони Осиёи Марказиро водор мекунад, ки бо ҳамдигар дӯст бошанд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ дар Қирғизистон қарор дорад. Вай дар нишасти расонаӣ таъкид кард, ки рӯзгор мардумони Осиёи Марказиро водор мекунад бо ҳамдигар дӯст ва муттаҳид бошанд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари корӣ ба Қирғизистон бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбеков мулоқот кард.

Ҷонибҳо масоили мубрами равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд ва чанд санад дар бораи таъйини марзҳо ба имзо расонданд.

Шавкат Мирзиёев аз Алмосбек Отамбоев барои даъваташ миннатгузор шуд ва гуфт, ки ин рӯзҳо барои ду кишвар торихӣ ҳастанд, зеро муносибатҳоро наздиктар мекунанд.

"Чанд масъалае буд, ки дар тули солҳо баррасӣ мешуданд ва роҳи ҳалли худро намеёфтанд", — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай гуфт, мардумони ҳар ду кишвар ҳам ин рӯзҳоро интизор буданд.

"Агар мо ин интизориҳои халқро амалӣ намекардем, торих моро намебахшид,", — таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Вай суханҳои Чингиз Айтматовро иқтибос овард.

"Айтматов гуфта буд, ин ду миллат як хун доранд ва бо як забон ҳарф мезанд.  Мо вазифадорем, гуфтаҳои он марди бузургро амалӣ кунем", — афзуд раисҷумҳури Узбакистон.

Вай таъкид кард, ки стратегияи роҳбарияти нави Узбакистон ин дӯстӣ ва наздик шудан бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Гуфтанист, ки ҳар ду раисҷумҳур дар ҳоле, ки якдигарро ҳамзабон мехонданд, бо ҳамдигар ба забони русӣ сухан мегуфтанд.

Лентаи хабарҳо
0