Таассуроти омӯзгори рус аз Тоҷикистон: "ҷои тарс нест"

© SputnikПреподавательский состав из Республики Дагестан в посольстве РТ
Преподавательский состав из Республики Дагестан в посольстве РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӣ омӯзгори рус дар мактабҳои Тоҷикистон ба дарсдиҳӣ оғоз карданд. Ин омӯзгорон дар литсейҳои президентӣ кор мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Омӯзгорони рус барои дарсдиҳӣ ба толибилмони тоҷик дар Тоҷикистон қарор доранд. Ин омӯзгорон аз вилоятҳои Оренбург, Бошқирдистон, Тотористон ва Доғистон омадаанд.

Зану шавҳар — Игор ва Олга Кринитсовҳо аз Кастрома ҳастанд. Игор аз фанни биология ва ҳамсараш аз фанни забони русӣ дар мактаби президентии Ҳисор дарс мегӯянд.

Российские учителя делятся первыми впечатлениями о Таджикистане

Онҳо дар суҳбат бо радиои Sputnik дар бораи таассуроти нахустини худ аз Тоҷикистон нақл карданд.

"Мо дар масъалаи суҳбат бо шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҷриба дорем. Мо фаҳмидем, ки ҷои тарс нест-мардуме, ки пеш ягонаву якҷо буд ба ҳар ҳол алоқаро нигоҳ доштааст. Дар сатҳи шахсияти конкретӣ миёни мо фарқе нест", — қайд кард Олга.

Лентаи хабарҳо
0