ДУШАНБЕ, 5 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ин марказ аз ҷониби соҳибкор Ҷонибек Набиев бунёд шудааст.
Маркази табобатиро раиси вивояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Спитамен ифтитоҳ кард.
Манбаъ меафзояд, ки бинои маркази ташхисию табобатӣ аз чор ошёна иборат буда, дорои 40 кат ва ҳуҷраҳои ташхису табобат мебошад.
20 нафар дар ин марказ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Ҳангоми боздид аз ин марказ раиси вилоят ба шароити мавҷуда баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ кардааст.
Ҳамчунин раиси вилоят дар деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамен бо нақшаи шабакаи обтаъминкунии деҳа ошно шуда ба масъулин дастур додааст, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.