ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар бораи кумаки яқвақта, дар равобити умумии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.
Ба гузориши манбаъ, шаҳрдори Душанбе дар остонаи Рӯзи истиқлолият ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони Чернобил, амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави (Афғонистон), сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, кумаки яквақтаина мекунад.
"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 806 600 сомонӣ ҷиҳати расондани кумакпулии яквақтаина, аз ҷумла 266 800 сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо намояд".
Ҳамчунин 4 539 800 сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии Боғи "Ғалаба" ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо", "Раёсати обёрӣ" ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои Душанбе ҷудо намояд", —омадааст дар қарори раиси шаҳри Душанбе.
Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Душанбе муваззаф шудаанд, ки барои дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолият аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои кумак ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.