ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари худ дар Чин бо сарвазири Таиланд Прают Чан-Оча дидор ва мулоқот кардааст.
Дар ин дидор ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф таъкид кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки барои ба сатҳу нав расонидани муносибот бояд Комиссияи муштараки байнихукуматӣ оид ба ҳамкорӣ таъсиси шавад ва имкониятҳои сармоягузории Таиланд дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётию транзитии Тоҷикистон рушд кунад.
"Ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои муқими кишварҳо ва хатсайри ҳавоии байниҳамдигарӣ зарур шуморида шуд", — омадааст дар хабарнома.
Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбат сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Очаро ба Тоҷикистон даъват кард.