ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, тибқи барномаи мазкур 50 идрор барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки риштаи санъат ва фарҳангро хатм кардаанду таҷрибаи корӣ доранд, пешбинӣ шудааст.
Унвонҷӯён бояд донандаи хуби забони англисӣ ё немисӣ буда, на зиёдтар аз 40 сол дошта бошанд. Нафароне, ки гирифтани идрор насибашон мегардад, дар муддати муайяншуда дар шаҳрҳои Вена ва Залтсбурги Австрия бо санъати тасвирӣ ва саҳнавии ин шаҳрҳо шинос шуда ва лоиҳаи эҷодии худро амалӣ хоҳанд кард.
Хоҳишмандони иштирок дар озмун бояд аризаи дархост ва ҳуҷҷатҳои лозимаро на дертар аз 18 сентябри соли 2017 мустақиман тариқи сомонаи www.artist-in-residence-austria.at фиристанд.
Маълумоти муфассалро дар бораи озмун метавон бо забонҳои англисӣ ва немисӣ аз нишонии электронии Дафтари канслери федералӣ www.kunskultur.bka.gv.at/site/8081/default.aspx дастрас кард.