ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад, яккачини футболи Тоҷикистон имрӯз нахустин пирӯзиашро ба даст овард.
Бино бар иттилои манбаъ, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар давраи саввуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи Непалро шикаст дод.
Голи аввали вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқи 25-ум ва голи дуввумро Дилшод Восиев дар дақиқаи 30-юми рақобат ба ҳадаф расонд. Ягона голи ҷониби Непалро дар дақиқаи 51-ум Бимал Ғартӣ Магар вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуд.
Мунтахаби Тоҷикистон сабқати навбатии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 —ро 10-уми октябр бо Непал дар Тоҷикистон мегузаронад.