ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ниҳод қочоқи пӯшокҳои мактабии Узбакистонро дар Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, сокини 35-солаи Истаравшан дар растаи фурӯши худ пӯшокҳои маткабӣ мефурӯхт, ки онҳо санади зарурии гумрукиро надоштанд. Ба гуфтаи фурӯшанда вай пӯшокҳоро аз соҳибкорони номаълуми суғдӣ барои фурӯш дар Душанбе харидааст.
Ҳамаи колоҳои фурӯшанда, ки санади зарурӣ надоштаанд, мусодира гардидаанд. Дар ин маврид парвандаи маъмурӣ боз ва ба додгоҳ таҳвил шудааст.