ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз яке аз бозори марказии ноҳияи Панҷ сӯхтори шадид сар задааст.
Тавре корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд, дар пайи оташсӯзӣ чанде аз дӯконҳои тоҷирон ба коми оташ фурӯ рафтааст.
Пайомадҳои ҳодисаи нохушро дар навори зер дида мешавад.
© Одноклассники / Группа Бозори Панч сухтПожар в Пяндже
Пожар в Пяндже
Аввалҳои моҳи июл дар Душанбе яке аз бозорҳои калонтарини пойтах-"Корвон" оташ гирифт. Ин ҳодисаи нохуш дар "Корвон" бори шашум рух дод, ки дар пайи он даҳҳо тоҷирон талафоти молӣ диданд.
Баъдтар бозаргонон гуфтанд, "Корвон"- ро оташ задаанд.
Оташсӯзӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон рухдоде пурбасомад шудааст. Чунончи, танҳо дар як моҳи май дар ноҳияи Фархор ду бозор оташ гирифт. Аммо мақомот дар ин бора камтар гузориш медиҳанд.