ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои доманадор ва судовар байни вилоятҳои Тоҷикистон ва ин музофоти пешрафтаи Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба гузориши манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, энергетика, коркарди маъданҳо, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду миёна, фарҳангу маорифро баррасӣ карданд.
"Ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд",-омадааст дар хабарнома.
Ҷалби бештари сармояи ширкату идораҳои саноатию сохтмонии Чин ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таҷдиду навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ иқдоми муҳим барои ба сатҳу сифати беҳтар расонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.