ДУШАНБЕ, 4 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, фоҷиа рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Тахминан соати 13:50 ронандаи худрави тамғаи "Тайота ЛК-200", Низомиддин Асоев-соли таваллудаш 1985 сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самти кӯчаи Р. Набиеви пойтахт ба самти кӯчаи Борбад дар рӯ ба рӯи бозори "Мадад" аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" бархурдааст.
Ин худрав таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолов-соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе будааст.
"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", шаҳрванд — Ҷалолов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.