ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, сарони ин ду кишвар мардуми Тоҷикистону Эронро бо иди Қурбон табрик кардаанд.
Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш аз густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст.
"Дар паёмҳои Оқои Раҳмон ба Ҷаноби Оқои Доктор Руҳонӣ Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори умедворӣ шудааст муносиботи сунатӣ дустона ва ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо бар асоси манофеъи ду миллат дар оянда густариш ёбад", — омадааст дар хабарнома.
Дар паёми Ҳасани Рӯҳонӣ зикр мегардад, ки бо талоши ҳамаи кишварҳои ҷаҳони ислом ба теруризми байнулмилалӣ, ки кишварҳои абарқудрат ба майдон оварданд, хотима бахшида шуда, дар кишварҳои мусулмонӣ сулҳу субот ҳукмфармо мегардад.