Бозии Тоҷикистон-Непалро доварони араб баҳогузорӣ мекунанд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото
Футбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои баҳогузории бозии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019, Тоҷикистон-Непал, доварон аз Арабистони Саудӣ интихоб шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Гурӯҳи доварон аз Арабистони Саудӣ бозии мунтахаби миллии Тоҷикистону Непалро баҳогузорӣ хоҳад кард.

Ин рақобати даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 мебошад.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Сардовари ин бозӣ, реферии 31-солаи ФИФА Муҳаммад Халид Ал-Ҳоиш мебошад.

Дар ин кор ба ӯ ҳамватанонаш доварони ФИФА-Бадр Ал-Шумрони 40-сола ва Абдулраҳим Ал-Шаммари 35 сола кӯмак хоҳанд кард.

Довари иловагӣ ҳам аллакай интихоб шудааст — Халид Солеҳ Ал-Турайси 30 сола.

Ба гузориши равобити умумии ФФТ, кори доваронро Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон назорат хоҳад кард.

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо  рақибон аллакай дар Катманду қарор дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки рақобати дастаҳои Тоҷикистон ва Непал пагоҳ, 5 сентябр дар майдони Ассотсиатсияи футболи Непал дар Катманду баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0