ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ярмакра-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад.
"Рӯзи 6 сентябри соли равон аз соати 7:00 дар шафати Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи матбуот ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад", — омадааст дар эълом.
Манбаъ меафзояд, ки маҳсулот дар ин фурӯшгоҳ нисбати бозорҳо арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад.