Ли Вучёл: гардишгарони Куриёи Ҷанбӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд

CC BY 2.0 / Oleg Brovko / в. Б. ГанзаТуристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото
Туристы в Фанских горах Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кордори сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ли Вучёл гуфт, ки шаҳрвандони Куриё ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, ба Тоҷикистон, ки дорои мавзеҳои зебою нотакрор ва кӯҳҳои осмонбусу табиати дилпазир аст пайваста сафар мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ин нуқтаро ҷаноби Ли Вучёл зимни дидор бо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода қайд кард.

Ба гузориши манбаъ, зимни дидор ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.

"Кордори сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёл қайд кард, ки шаҳрвандони Куриё ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта ба Тоҷикистон, ки дорои мавзеҳои зебою нотакрор ва кӯҳҳои осмонбусу табиати дилпазир мебошад, пайваста сафар мекунанд", — омадааст дар хабарнома.

Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода  ва ҷаноби Ли Вучёл ҷиҳати вусъат ёфтани муносибатҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон изҳори умедворӣ кардаанд.

Пештар хабар дода будем, ки дар шаш моҳи соли 2017 аз шаҳри Хуҷанд ва Осорхонаи торихии вилоти Суғд беш аз 800 гардишгари хориҷӣ боздид кардааст.   

Лентаи хабарҳо
0