ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Шоми рӯзи 2 сентябр дар пойтахти Қазоқистон бетартибиҳо рух дод. Ба ҷои ҳодиса кормандони ОМОН ҳозир шудаанд.
Ба иттилоъи Sputnik Қазоқистон пас аз сар задани бетартибиҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаракатро дар чанде аз кӯчаҳои пойтахт мамнуъ кард. Ба гузориши манбаъ, муноқиша миёни посбонон ва кормандони маҷмааи "Абу Дабӣ Плаза" сар задааст.
Бетартибиҳо то рафт суръат мегирифт ва пас аз чанде ҷараёнаш дар шаҳр паҳн шуд.
"Як шиноси ман дар бинои маҷмааи "Абу Дабӣ Плаза" ба сар мебарад. Чанде пеш ӯ маро аз ин муноқиша хабардор кард", — мегӯяд шоҳиди ҳодиса.
Сараввал ду худрави пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда мардумро гуфтанд, ки ба манзилҳояшон бар гарданд. Вале мардум базурӣ мехост аз кучаҳои ҳаракаташон маҳдудшуда бигзаранд. Ҳамин тавр ҷанҷол сар шуд. Пасон ба ҷои ҳодиса худравҳои ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ омаданд.
Аз шиддати ҷанҷол ба ҷои ҳодиса кормандони ОМОН ҳам расид.
"Мо аз сокинони Остона хоҳиш мекунем, ки аз амалиёти бефикрона даст кашанд", — гуфт вазири алоқаи Қазоқистон Даврон Абаев.