ВУД: сокини Хуҷанд 300 ҳазор дулори ҳамшаҳрашро гирифта то ҳол бар нагардонидааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки задержаного в наручниках, архивное фото
Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВУД мегӯяд, гумонбаршаванда ба боварии ҳамшаҳраш даромада, 300 ҳазор дулорашро мегирад ва қисме аз онро бар гардонида боқимондашро то ҳол надодааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, як марди хуҷандиро ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардааст.Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карданд.

Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбаршуда моҳи октябри соли 2014, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 300 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, аз он 131 ҳазору 500-доллари амрикоиро дода, боқимонда 168 ҳазору 500-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. 
Вазорат мегӯяд тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0