ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи шаҳрванд Холов баррасӣ карда ӯро муҷрим шинохтааст.
Бозҷӯён ошкор кардаанд, ки Холов моҳи апрели соли 2017 дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ аз шахси шинохтанашудае як миқдор моддаи мухаддир аз навъи "амфетамин" дарёфт карда ва 14 апрел 5 қурсро ба маблағи 100 дулори амрикоӣ ва 50 сомонӣ ва 5 май боз 5 қурси дигарро ба маблағи 970 сомонӣ ба Алишер ном касе фурӯхтааст.
Дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ Холовро дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.
Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз 31 июли соли 2017 Холов муҷрим шинохта шуда ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳкум гардидаст.