Нархи барқ дар Тоҷикистон 2 дирам гарон мешавад

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон нархи таърифаҳои барқро бозбинӣ мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки нерӯи барқ барои масрафкунандагон ду дирам гарон шавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дар назар дорад, ки нерӯи барқро барои масрафкунандагон 2 дирам гаронтар кунад.

"Ҳукумати Тоҷикистон нархи таърифаҳои барқро бозбинӣ мекунад. Ҳоло ин масъала баррасӣ мешавад, аммо қарори Ҳукумат дар бораи афзоиши арзиши барқ манзур нагаштааст", — иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Агар қарори Ҳукумат ниҳоӣ ва тасвиб шавад, арзиши барқ дар кишвар ба 16,56 сомонӣ хоҳад расид.

Ҳамчунин ҳукумат дар назар дорад, ки равиши нави назорати масраф ва пардохти ҳаққи нерӯи барқро ҷорӣ кунад.

Ёдовар мешавем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора 28 июл қарор тасвиб карда ва Вазорати энерживу захоири об ва ширкати "Барқи тоҷик"-ро дастур дода, ки сомонаи худкори ва поишу пешпардохти масрафи нерӯи барқро то поёни соли 2017 дар саросари кишвар роҳандозӣ кунанд.

Ин фанноварӣ имкон медиҳад, ки аз итлофи нерӯи барқ пешгирӣ карда ва ҳаҷми даромад аз пардохтҳои масрафкунандагон афзуда шавад.

Қарор аст, ки роҳандозии ин сомонаро аз шаҳри Душанбе оғоз кунанд, ҳарчанд он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Сарбанд ва ноҳияи Рӯдакӣ озмоиш шуда буд. Пас аз Душанбе ин фанновариро дар саросари Тоҷикистон ба кор хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0