Сафири нави ҶТ бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор кард

© МИД РТВручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики
Вручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқулодаву мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ рӯнавишти устуворномаашро ба вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмор Муҳаммадёров супурд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Маросими оғози расмии кори сафири нави Тоҷикистон дар Боку 29 август дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии ВУХ ҶТ, пас аз ин маросим мулоқоти Рустам Солӣ бо Элмор Муҳаммадёров баргузор шуд.

Дар ин дидор раванди муносибот ва ҳамкориҳои ду кишвар дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ шуда, омодагии тарафҳо барои густариши робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ,  сармоягузорӣ, обу энержӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ ва муҳоҷират ва иҷрои тарҳҳои муштараки санъативу металлургӣ эълом шуд.

Лентаи хабарҳо
0