Эмомалӣ Раҳмон: мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ мешуморем

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон с председателем КНР Си Цзиньпин
Президент РТ Эмомали Рахмон с председателем КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Ҷумҳурии Халқи Чин раисҷумҳури Тоҷикистон ба Донишгоҳи Сунхуа рафта, бо устодону донишомӯзони муассиса мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмӣ ба Чин имрӯз бо раиси Донишгоҳи Синхуа мулоқот кард ва пас он дар назди омӯзгорону донишҷӯён суханронӣ намуд.

Раисҷумҳур аз Шурои илмии донишгоҳ сипосгузорӣ кард, ки унвони устоди ифтихориро барояш додаанд. Вай аз донишомӯхтагони ин донишгоҳ ёдовар шуд, ки акнун давлатмардони барҷастае шудаанд.

Президент РТ Эмомали Рахмон с председателем КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Дастовардҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин: 13 қарордоди ҳамкорӣ

"Ҷанобони олӣ Ҳу Ҷинтао ва Си Ҷинпин, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари дӯсту ҳамсояамон нақши намоён дошта, эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, аз ҷумлаи онҳоянд", — афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Вай ёдоварӣ кард, ки Чин яке аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохтаанд.

"Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Халқи Чин мақоми хосса дорад", — таъкид кард ӯ.

Раисҷумҳур афзуд, "дар кишвари мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ мешуморанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он хушнуд ҳастем".

Ҳамчунин дар ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон муносиботи ду кишварро "торихӣ" хонд, ки "аз даврони Роҳи бузурги абрешим маншаъ мегиранд".

Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард, ки бо тақвият ёфтани муносибатҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳаммияти робитаҳои фарҳангиву инсонии ду кишвар низ дучанд меафзояд.

Эмомалӣ Раҳмон 30-уми август ба хотири ширкат дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.

Рӯзи гузашта кишвардори Тоҷикистон бо раисҷумҳури Чин мулоқот кард.  Сарони ду кишвар масоили ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.

Дар паи ин мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0