Владимир Путин фаро расидани иди Қурбонро ба мусулмонон табрик гуфт

Обуна шудан
Раисҷумҳур Путин дар паёми худ аз суннатҳои беҳамтои иди Қурбон ёдоварӣ кард, ки нерӯи муттаҳидкунандаи ҷамоати мусулмонони Русия ҳастанд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фаро расидани иди Қурбонро ба мусулмонони кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, дар паёми табрики раисҷумҳур Путин гуфта шудааст:

"Якпорчагии уммат ҳамеша шолудаи устувор барои беҳбуди гуфтугӯи миллатҳову динҳо ва ҳаллу фасли масоили рӯзомади рушду тавсеъаи кишвар буда ва ҳаст. Хушнудкунанда аст, ки имрӯз низ аз ин тавоноии бузург дар барномаву тарҳҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ, рӯшангарӣ ва барои устувории сулҳу ваҳдат дар ҷомеъа баҳрагирӣ мешавад".

Раисҷумҳур Путин дар ин паём ҳамчунин ба суннатҳои иди Қурбон ишора карда, ки "ёдовари решаҳои устувори маънавӣ ва пайвастагии наслҳо будаву имрӯз низ нерӯи муттаҳидкунандаи ҷамоати мусулмонони Русия ҳастанд".

 

Лентаи хабарҳо
0