ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Мусулмонон аз бомдод дар гирди Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷамъ омада буданд. Аксари мардум пеш аз оғози намоз ҳозир шуданд ва интизори сар шудани намози ид гаштанд.
Аз соати 4 бомдод намозгузорон дар намозгоҳ ҷой мегирифтанд, ки баъд чанде ҳама ҷо пур аз мардум шуд. Барои намозгузорон раиси Шурои муфтиҳои Русия Равил Айнуддин мавъиза хонду сипас намози ид хонда шуд.
Барои риояи тартибот дар рӯзи ид кормандони пулис дар метро ва кӯчаҳо меистоданд. Ҳамчунин имрӯз чанде аз кӯчаҳо баста шуданд.
Дар намози ид дар Масҷиди ҷомеъ камобеш 300 ҳазор кас ширкат кард.