Дар кӯчаҳо касе нест: Дар Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегиранд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПраздник Ид аль-Фитр (Ураза-байрам) в Таджикистане
Праздник Ид аль-Фитр (Ураза-байрам) в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар саросари кишвар иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон Рӯзи дониш аст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш доданд, дар кӯчаҳо касе нест

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Субҳи имрӯз дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон соати 06:30 намози Ид хонда шуд. Пасон мардум аз оромгоҳи наздикон боздид карданд ва ба аёдати хешовандону ошноён рафтанд.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки кӯчаҳо холист.


Имрӯз ҳамзамон дар Тоҷикистон Рӯзи дониш — авали соли хониш аст.

Рӯзи гузашта раиси Шурои уламои Тоҷикистон гуфт, донишомӯзону донишҷӯён метавонанд ба муассисаҳои таълимӣ раванд, пасон ид кунанд.

Иди Қурбон- яке аз ду мдҳои бузурги динии мусулмонон ба ҳисоб меравад, ки дар Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи таътил эълон шудааст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, асоси иди Қурбон- ин хондани намози ид ва забҳи чорво аст, ки дар Тоҷикистон бе мамоният иҷро мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0