ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Чин имрӯз бо раиси Донишгоҳи Синхуа дар Пекин дидор ва ҳамкории бунгоҳҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ кард.
Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки ҳамкориҳои илмиву омӯзишии Тоҷикистону Чин низ ҳамгом бо дигар заминаҳо бештару устувор мешаванд ва яке аз дастовардҳояшон таҳсили камобеш 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Чин аст.
Қарор шуд, ки дар ростои иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, дар марҳилаи нахуст барои таҳсили донишҷуёни тоҷик дар Донишгоҳи Синхуа 10 саҳмия ва дар марҳилаи дувум 50 саҳмия ҷудо гардад.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар рушду густариши муносиботи дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони "Устоди ифтихории иқтисод" аз Донишгоҳи Синхуа сарфароз карда шуд.