ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём мардумро ба омӯзиши амиқи илмҳои гуногун ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмиву техникӣ даъват карда, дар баробари ин ба ҳимоя ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои исломӣ фаро хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ аз ислоҳи қонуни танзим ёдоварӣ карда, ҳадафи онро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат гуфт.
"Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем", — омадааст дар паёми табрикотии раисҷумҳур.
Раисҷумҳур таъкид карда, кӣ дар рӯзи иди Қурбон ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии ид, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
"Ҳар касе тавоноӣ ва қудрати молиявӣ дорад, бояд дар ин рӯзи саид онро барои ба анҷом расонидани корҳои хайру эҳсон сарф намояд ва соҳиби савоб барои худ ва аҳли хонаводааш гардад", — гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки ин раванд дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва минбаъд ҳам идомаи бештар ёфта, муҳаббату самимият ва дастгирии ҳамдигар дар миёни мардумамон боз ҳам қавитар мегардад.
Мувофиқи аҳкоми шариат қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне, ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба рӯҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломӣ мебошад.
Раисҷумҳур гуфт, ки бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани хони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан дар ислом нораво аст.
"Мо бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд", — гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ки ҷавҳари аслии тарбиявӣ ва ахлоқии иди Қурбон дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат ба Худо ва бандагони вай, ростқавливу иродатмандӣ дар эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад.
Раисҷумҳур ёдоварӣ кард, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.
"Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон дуо кард, ки "дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад".